- бача
- [بچه]1. фарзанди одамизод, кӯдак, тифл. боғчаи бачагон муассисае, ки бачаҳо аз сесолагӣ то мактаб рафтан дар он тарбия меёбанд, кӯдакистон; хонаи бачаҳо муассисае, ки дар он атфоли бепарастор ва ятим таълиму тарбия мегиранд; бача партофтан исқоти ҳамл, тифли нав дар раҳм пайдошударо бо роҳи сунъӣ нобуд кардан2. ҳамчун калимаи муроҷиат ба хурдони мардина аз тарафи калонсолон гуфта мешавад: ҷавон, ҷавонмард3. насли ҳайвон: бачаи шер, бачаи гург; бачаю кача зану фарзанд, аҳли оила; очаю бача ду чизи якҷинсаи хурду калон, ки яке аз дигаре ҳаҷман тафовути зиёд дорад; дар қади зане бача будан ҳомила (бордор) будани зане; бача дар камар, номаш Музаффар (зарб.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.